Синоним (муродиф)
1) Синоним (муродиф) чист?
- Чӣ гуна воҳидҳои забон муродиф мешаванд?
- Чӣ гуна калима ва таркибҳоро муродифи луғавӣ меноманд?
- Муродифҳои луғавӣ калимаҳои баробармаъноянд ё тафовуте ҳам доранд?
- Муродифҳои маъноӣ ва услубӣ чӣ гуна силсилаи калимаҳои ҳаммаъноянд?
- Чӣ гуна муродифҳои луғавиро матнӣ мешуморанд?
- Муродифи луғавӣ аз вариант (қарина) чӣ фарқ дорад?
- Муродифҳои луғавӣ чӣ хусусияти услубӣ доранд?
- Матнро ба аломатҳои ист риоя намуда, бурро ва беғалат қироат кунед, калимаҳои ҳаммаъноро (муродиф ё синонимро) ёбед ва шарҳ диҳед, ки онҳо аз ҳамдигар чӣ тафовути маъноӣ ё услубӣ доранд?
Шумо гумон накунед, ки ин ҷӯйборҳо ҷӯйҳои калон ва обҳояшон ғурришдори ғалтон бошанд(4). Не(4). Мо аз тангии иборат ба ин ном ёд кардем, вагарна паҳнобе буд, қадаш аз қомати сабза ва себаргаҳои(2) навхезе(2), ки дар роҳи ҳаракати ӯ рӯйида буданд, баландӣ надошт ва садои ҳаракаташ аз овози ҷунбиши(2) зангӯлаи симини(2) сари зулфи симбарони(2) но- зукхироми(2) тоҷик тафовуте намекард (С.А.).
- Дар ин матн шумо – киҳо ва мо кист? Ин тарзи оғоз намудани тасвир бо кадом ғарази услубӣ воқеъ гардидааст?
- Дар ибораи тангии иборат кадом калима бо маънои аслӣ ва кадом калима маҷозан кор фармуда шудааст?
- Калимаҳои ҷӯйбор, ҷӯйҳо ва паҳнобро муродифи луғавӣ шу- моридан мумкин аст магар?
- Дар ифодаҳои сабза ва себарга, зангӯлаи симини сари зулфи симбарони нозукхиром чӣ имкони муассири савтӣ истифода шудааст?
- Синонимҳо (юнонии synonymos «ҳамномҳо») чунин калимаҳоянд, ки ба як ҳиссаи нутқ тааллуқ дошта, маънои (ё яке аз маъноҳои) луғавиашон комилан бо ҳамдигар мувофиқ меояд ва ё бо тобишҳои маънои луғавӣ ва обуранги услубиашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Муродифҳои назмшиносӣ ва поэтика, математика ва риёзиёт (риёзӣ), изофат ва бандаки изофӣ, ҳамеша ва доимо истилоҳ ва калимаҳои
- баробармаъноянд ва дар забон бо маънои муштарак ба андозаи баробар ба кор бурда мешаванд. Ин ҳодисаро бештар дар истилоҳоти илмӣ мушоҳида мекунем: Духтур – пизишк, зоотехник – ветеринар – мо духтур.
Дар услубшиносӣ ҷиҳатҳои фарқноки муродифҳо муҳи таранд:
- Муродифҳо бо тобишҳои маъно аз ҳамдигар фарқ мекунанд, бинобар ин дар ҳама гуна мавридҳо якдигарро иваз карда наметавонанд: Ман дар дили худ гуфтам, ки: «Ман ин тангаро аз дасти ин аблаҳ хоҳам ситонд» (Восифӣ). Феъли ситондан аз гирифтан ва рабудан бо тобиши зӯран гирифтан фарқ мекунад. Дар силсилаи муродифҳои овоз, садо ва бонг калимаи охирин овози баланд ва пурҳайбатро ифода мекунад. Калимаи овоз ба ҷонзодҳо ва садо ба ҷисмҳои беҷон нисбат дорад.
- Дар муродифҳои луғавӣ на танҳо мафҳумҳои ашё, аломат ва амалу ҳолат, балки баҳои мусбат ё манфие ҳам ифода меёбад, ки онро сарбории маънои ҳиссӣ ё обуранги ҳиссии мусбат ё манфии вожаҳо меноманд. Аз ин ҷиҳат дар силсилаи муродифҳои луғавӣ як калима мафҳумро холисона, вале муродифи дигари он ғаразнок ифода мекунад. Масалан, калимаи ҷанг амалро мӯътадил, набард бо обуранги ҳиссии мусбат, пой мафҳуми узви баданро мӯътадил, линг бо обуранги ҳиссии манфӣ ифода мекунад. Дар сурати ба назар нагирифтани чунин сарбории маънои калимаҳо ғалати услубӣ, яъне бемавқеъ кор фармудани унсурҳои луғавӣ рӯй медиҳад: Як ҷавони тахминан(2) бистсола… чашмонаш дурахшон, лекин андешаманд, пешонааш фарох, лекин пурчин, рухсорааш чун себи сурх тобон, лекин ғамгин(4), ки аз башарааш андешамандӣ намоён буд, ба хаёл фурӯ рафта дар гӯшае аз бошишгоҳи мардум дуртар(4) менишаст.
Дар ин матн аз силсилаи муродифҳои рӯй калимаҳои рухсора ва башара ба як шахс нисбат дода шудааст. Калимаи рухсора обуранги мусбат, вале вожаи башара тобиши манфӣ дошта, истеъмоли калимаи башара ғалати услубист.
- Ҳама гуна муродифҳои луғавӣ ҳам дар забони гуфтугӯ, ҳам дар забони хаттӣ ё китобӣ ва дар услубҳои гуногуни нутқ (расмӣ, илмӣ, бадеӣ, рӯзноманигорӣ ва муошират) яксон кор фармуда намешаванд. Дар силсилаи муродифҳои мактуб, нома ва хат; хуб, беҳ ва нағз калимаҳои нома ва беҳ дар забони адабии китобӣ маъмул бошанд, калимаҳои хат ва нағз дар гуфтугӯйи омиёна, калимаҳои мактуб ва хуб дар ҳар ду маврид ҳам мустаъмаланд, бинобар ин калимаҳои аввалро обуранги услубии хаттӣ ё адабии китобӣ ва гуфтугӯйӣ дорад, мегӯянд, вале калимаҳои охиринро умумиистеъмол меноманд. Дар матни илмии зерин калимаи гуфтугӯйии нағз бемавқеъ истеъмол шудааст: Ба ҳар як калима ё истилоҳи тоҷикӣ дар тарҷума эквиваленти нағзи украиниаш дода шудааст (Маҷалла). Ба ҷойи эквивалент калимаи муодил ва ба ҷойи нағз калимаи мувофиқ ё созгорро кор фармудан лозим буд.
- Муродифҳои луғавӣ аз ҷиҳати доираи маъно, дараҷаи истеъмол, таносуби маъноию грамматикиашон, ки бо калимаҳои дигар доранд, низ фарқ мекунанд. Доираи маънои кали- маи рӯй назар барух ва рухсора, калимаи қад нисбат ба муродифҳои дигараш қомат ва боло хеле васеъ аст, бинобар ин бо миқдори зиёди калимаҳо алоқаманд шуда, таносуби маъноӣ пайдо карда метавонад. Баландии ҳама гуна ҷисмҳоро қад гуфтан мумкин аст: қади одам, қади девор, қади сафедор, қади об ва ғайра, вале калимаҳои қомат ва болоро танҳо ба қади баланду мавзуни ҷавон ё шахси мӯътабар нисбат додан мумкин аст. Варианти болишт назар ба болин доираи васеъ- тари таносуби маъноӣ дорад. «Ӯ дигар аз болишти беморӣ сар набардошт» гӯем, ғалат мешавад, зеро бо калимаи беморӣ танҳо калимаи болин таносуби наздики маъно дорад:
Бар сари болин табиб аз гиряи ман зор шуд, Аз барои сиҳҳати ман омаду бемор шуд (Ҳилолӣ).
Дар ин байт калимаи болин бо калимаҳои сар, табиб, сиҳат ва бемор таносуби наздик ва бо калимаҳои гиря ва зор шуд таносуби дури маъно дорад.
Феълҳои дидан, нигаристан, нигоҳ кардан ба як маънои умумӣ далолат кунанд ҳам, аз лиҳози имконоти грамматикии васлшавӣ бо калимаҳои дигар фарқ мекунанд: феъли дидан мафъули (объекти) бевосита (чиро ё киро?), феъли нигоҳ кардан мафъули бавосита (ба чӣ ё ба кӣ?) қабул мекунад.
- Муродифҳои хабар, мужда, навид ва пайғом бо кадом тобиши маъно аз ҳамдигар фарқ мекунанд? Чаро шоир дар ин байт хабари омад омади фасли баҳорро мужда гуфтааст, вале ба бум вогузоштани хабари нохушро воҷиб донистааст? Дар байти дигар кадом таркибу калимаҳо ҳаммаъно шудаанд ва сабаби дар як ҷумла кор фармуда шудани онҳо чист? Интихобан бо он муродифҳо шумо ҳам панҷ ҷумла нависед.
Булбуло, муждаи баҳор биёр, Хабари бад ба бум боз гузор (Саъдӣ).
Дар ҳеҷ кас ба чашми ҳақорат назар макун,(7) То дар ту ҳам ба дидаи таҳқир нангаранд (Ансорӣ).
- Чаро ифодаи «бад ба бум» мисли «баҳор биёр… гузор» осон ва суфта талаффуз намешавад?
- Калимаҳои ҳақорат ва таҳқир чӣ гуна муносибати маъноӣ доранд?
- Дар забони имрӯза кадом тарзи ифода маъмул аст: ба ё дар касе назар макун (накун)?
- Чаро дар байти аввал баъд аз калимаи булбуло ва дар охири мисраи якум аломати вергул гузошта шудааст?
Дар байти аввал калимаҳои мужда ва хабар муроди- фанд. Онҳо тафовути маъноӣ ва услубӣ доранд: доираи истеъмоли муж да маҳдуд буда, дар забони адабии китобӣ ба
кор бурда мешавад ва хоси услуби баланд ё малеҳи (орифонаи) баён аст. Доираи истеъмоли хабар васеъ аст, дар забони гуфтугӯ ва хаттӣ баробар кор фармуда мешавад, бинобар ин вожаи умумиистеъмол ба шумор меравад. Калимаҳои булбул, баҳор, биёр, бад, бум, боз гузор низ аз ҳамин қабиланд. Дар манзари (фони) онҳо калимаи мужда бо обуранги тару тоза ва гуворо фарқ мекунад, яъне хусусияти услубӣ ва ё обуранги услубии забони китобӣ (хаттӣ) зоҳир мекунад. Устодони сухан аз такрори бемавқеи калима худдорӣ мекунанд, то ки он забонзада ва дилгиркунанда нашавад, чунон ки Абдуллоҳи Ансорӣ дар мисраи аввал чашми ҳақорат ва назар макун, вале дар мисраи дуюм дидаи таҳқир ва нангар гуфтааст. Ҳамин гуна маъноҳои услубии воҳидҳои мухталифи забон мавзӯи баҳси услубшиносӣ аст.
- Муродифҳои луғавии зерин аз ҳамдигар чӣ тафовути маъноӣ ё услубӣ доранд?
- Бо муродифҳои яке аз силсилаҳо ду-се ҷумла созед.
Чашм дида айн наргис ҷоду, зуд – тез – Даррав, касалиҳои гузаранда – бемориҳои сирояткунанда, мӯйсафед пиракӣ, гузоштан мондан ниҳодан, гуфтан баён кардан иброз доштан қисса кардан ҳикоят кардан нақл кардан, ангушт – чилик – лелак, серноз – нозпарвар – инҷиқ, қабул кардан – пазируфтан.
- Матни зеринро ба дафтар нависед ва ба зери муродифҳо хат кашед ва хаттӣ эзоҳ диҳед, ки чӣ гуна воҳидҳои забон ҳаммаъно шудаанд ва чаро ба ҷойи якдигар кор фармудани онҳо на ҳа- меша имконпазир аст? Дар ин матн сухан дар бораи гирифтани моҳ меравад, ки Аҳмади Дониш пешгӯйӣ карда буд.
Аҳмади Дониш бодиққат(6) он рақамҳоро аз назар гузаронид. Гоҳо ба соат нигоҳ карда, баъд аз он ба осмони соф, ки дар вай моҳи пурра нур мепошид, чашм дӯхт. Як вақт забонаш гирифта-гирифта: «Ба осмон ннигаред», – гуфт ӯ. Ҳама ба осмон нигаристанд.
- Ҷумлаҳои зеринро бодиққат хонед ва мувофиқи мазмуни матнҳо ба ҷойи сенуқта аз силсилаи муродифоти калимаю воҳидҳои фразеологии дидан, чашм дӯхтан ва ғайра калима ё таъбири мувофиқро гузоред.
- Зарафшонро пеш аз ин ман бисёр… ва манзараҳои онро дар Самарқанд, дар Миёнколот, дар деҳаи Соктаре…; 2. Муҳаббат камсавод буд, ҳарчанд ба рӯйи коғаз. , хонда натавонист; 3. Ман ба тарафи торикии шаб, ба тарафи дарё ва кӯҳсори сарбафалаккашида. саҳифаҳои сиёҳи таърихро аз хаёл мегузаронидам; 4. Ҷавон аз асп фуромада, ба атрофаш эҳтиёткорона.; 5. Гӯё дар умраш аввалин бор., (маро, ба ман, аз ман).; 6. Чӯпон дар баландӣ хомӯш истода (марғзорро, ба марғзор, аз марғзор).; 7. Кампир саросемавор (гирду атрофи ҳавлиашро, ба гирду атрофи ҳавлиаш)., лекин ҷойи муносиби пинҳонкунӣ наёфт.
- Аз силсилаи муродифҳо калимаҳои мувофиқро интихоб карда, ҷумлаҳоро ба дафтар нависед ва шарҳ диҳед, ки чаро маҳз ҳамин калимаро интихоб намудед.
- Соатҳои дароз аз пайи трактору комбайнҳо (тохта, давида) на хастагиро (мефаҳмиду, медонисту) на гуруснагиро. 2. Оҳуро аз сайёд ба дираме бихарид ва (бираҳонид, раҳо кард) ва гуфт: «Он ки(6) бегуноҳеро аз куштан (бираҳонад, раҳо кунад), ҳаргиз бегуноҳ кушта нашавад. 3. Саворон дар талоши гелос шоху навдаҳои онро мешикастанд ва аз дасти якдигар (мегирифтанд, меситонданд, мерабуданд). 4. Арақи шӯр аз ҷабин бо гӯшаи чашм ва кунҷи лабонаш (мечакид, мерехт, метаровид, мешорид). 5. Ҳама мегуфтанд, ки обу ҳавои дараи Варзоб ғубори дилро (тоза мекунад, мебарорад) ва занги дилро (тоза мекунад, мезудояд).
Муродифҳо аз ҳамдигар чӣ тафовути маъноӣ ё услубӣ доранд ва дар матнҳои зерин бо чӣ мақсад кор фармуда шудаанд?
Ноне, ки фақир мебахшад, ҳазор нон арзиш дорад, ноне, ки доро медиҳад, беш аз як нон намеарзад (Ҳиҷозӣ). 2. Лекин
ин гуна сангҳо ба сабаби боронҳои баҳорӣ покиза ва мусафо шуда буданд. 3. Ҳарчанд ман аз Бухоро рафта, таҳсил карданам умеди худро канда бошам ҳам,(7) дар он миён воқеае рӯй дод, ки барои Бухоро рафта хонданам имкон пайдо шуд. 4. Одина ягон-ягон(6) рамаро аз назар гузаронда, дид, ки як буз бо як гӯсфанд дар миён нест (С.А.).
Дар такрори луғавӣ як калима, таркиб ё ибора дар як ҷумла чанд маротиба такрор мешавад. Чунин такрор бо ягон ғарази услубӣ воқеъ шуда бошад, такрори дуруст ва бамавқеъ, бе зарурат воқеъ шуда бошад, такрори нодуруст ё бемавқеъ мешавад.
Такрори маънӣ он аст, ки калима ё таркибҳои гуногуни ҳаммаъно ё наздикмаъно дар ҷумла омада, ба мазмуни ҷумла чизе зам намекунанд ва аз партофтани яке аз он калима ё таркибҳо мундариҷаи ҷумла осеб намебинад, баръакс, ҷумла кӯтоҳ, гуфтану фаҳмидан осон мегардад:
Роҳбарияти корхона ба интихоб, тарбия ва ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳо мудом диққати доимӣ медиҳад. Дар ин ҷумла калимаҳои мудом ва доимӣ ба як маъно далолат мекунанд, бино- бар ин яке аз онҳоро ихтисор кардан лозим аст.
Такрори бамавқеъ бо ягон ғарази услубӣ воқеъ мегардад: Ин лаҳза гӯё ду олиҳаи ҳусну зебоӣ, ду дили пур аз орзу, ду қалби моломоли меҳр, ду ҷисми саропо оташи муҳаббат рӯ ба рӯйи ҳамдигар меистоданд; Инак чоршанбеи оянда Маҳмуд Аббос савганд ёд мекунад, савганди вафодорӣ, савганди ифтихор, савганди эҳёи сиёсати нави миллии Фаластин, савганди раҳоии миллати Фаластин аз ишғоли ғосибон, савганди Байтулмуқаддас, қудси Шариф (Рӯзнома); Биё, то ки ман акнун ба ту таронаи одами озод, таронаи бахт, таронаи саодатро суруда заминҳои зарбахши колхозамонро биронам (Ҳ.К.).
Дар бобати такрори сухан дар назм ақидаи Носири Хусрав чунин аст:
Дар шеър зи такрори сухан боке нест, Зеро ки хуш ояд сухани нағз ба такрор.
Вале ба андешаи Низомии Ганҷавӣ:
Забон гарчи бошад чу оби зулол,
Зи такрор хезад ғубори малол.
Ҷонишинҳои шахсӣ дар шеър бе зарурат кор фармуда намешаванд, чунки аз шакли феъл аён мегардад, ки соҳиби амалу ҳолат ва аломат кист: Агар дашном фармоӣ, ва гар нафрин, дуо гӯям… Дар ин ҷо ҳоҷат ба зикри ту ва ман нест: Агар ту дашном фармоӣ ва гар нафрин, ман дуо гӯям. Аммо дар мавриди дигар ҷонишин ифшогари эҳсосоти шоир аст, агар он зикр наёбад, таъсири шеър костагӣ пайдо мекунад. Ҷони- шинҳои ман ва ту ба тариқи қиёс такрор омада бошанд, задаи мантиқӣ мегиранд ва маънои соҳибони амал таъкид меёбад:
Чаро ман зафарманду ман сарбаланд, Чаро ту ҳақиру чаро мустаманд?( Чаро аз рухи ман саодат падид, Чаро ту дар уммеди рӯзи саид? (М.Т.).
Синоним чист? Муродиф чист? Маълумот дар бораи Синоним ё Муродиф. Синоним дар забони точики >>
Ду ва зиёда калимаҳое, ки як маъно ё маъноҳои наздикро мефаҳмонанд, муродиф ном доранд. Таркиби овозии муродифҳо гуногун, вале маънояшон ба ҳам наздик аст: ҷаҳон, дунё, гетӣ, даҳр; нодон, сода, гӯл, гумроҳ; хона, кулба, ошён.
Муродифҳо боигарии забон буда, ба воситаи онҳо тобишҳои гуногуни маъноӣ ифода меёбанд.
Баъзе муродифҳо ҷуфтистеъмоланд: азобу шиканҷа, шоду хуррам, бахту саодат. Дар аксари онҳо ҷои калимаҳо устуворанд. Масалан, муродифи ҷуфтистеъмоли боғу роғро ба тариқи роғӯ боғ истифода намекунанд.
Давоми матн пас аз блоки реклама
Машқ. Монандӣ ва фарқи маъноии калимаҳои ишоратшударо дар ҷумлаҳои зерин муайян кунед.
1.Фиребгарӣ, мунофиқӣ, золимӣ дар дарбори Худоёрхон нафрату ғазаб ва эътирози Анварро нисбат ба сохти феодалӣ зиёд мекунад (С.Улуғзода). 2.На танҳо дӯст, ҳатто душман ҳам, агар кӯру аъмо набошад, пас аз тамошои ин шаҳрҳои замони мо эътироф мекунад, ки сухани обод дар таркиби номи инҳо айнан муносиби ҳол омадааст. 3.Асо ва кампир бо аламу яъс гиряю нолаи бисёре карданд. Доду фарёди кампири бечора ҷавони бетаҷрибаро аввал гаранг кард ва сонияе чанд ӯро ба гирдоби тардид гузошт…
Ҷалол Икромӣ
Луғат:
- эътироз – эродгирӣ, норозигӣ, муқобилат
- аъмо – кӯр, нобино
- яъс – ноумедӣ, маъюсӣ
- тардид-дудилагӣ, шубҳа
муродиф
- муродиф
-
1. синоним
2. синонимический
Таджикско-русский словарь.
2011.
Смотреть что такое «муродиф» в других словарях:
-
муродиф — [مرادف] а. збш. ду ё чанд калимаи аз ҷиҳати таркиби овозӣ гуногун, ки як маъно ё маъноҳои ба ҳам наздикро ифода мекунанд (мас., калима ва вожа) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
-
кардан — [کردن] 1. ба ҷо овардан, анҷом додан (кореро) 2. сохтан, бино кардан 3. ҳамчун феъли ёридиҳанда феълҳои таркибии номӣ месозад: кор кардан, нигоҳ кардан, пайдо кардан, саъй кардан, тасдиқ кардан, тез кардан, хизмат кардан, ҷанг кардан ва ғ. ; аз… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
-
мутародиф — [مترادف] а 1. кит. ҳамрадиф, паси ҳамомада 2. ниг. муродиф (збш.) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
-
синоним — [سينانم] ю. збш., ниг. муродиф … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
-
ҳаммаъно — [هم معنا] збш. дорои як маънӣ, муродиф … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
-
ҳаммаъноӣ — [هم معنايي] збш. якмаъноӣ, муродифӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муродиф, сино́ним (аз юн.-қад. σύν «ҳамроҳ» + ὄνομα «ном») — калимаҳое мебошанд, ки аз ҷиҳати таркиби овозӣ ҳархела буда, як маъно ё маъноҳои ба ҳамдигар наздикро ифода мекунанд. Ба монанди:
- дӯст-рафиқ, ошно, ҷӯра, улфат, қадрдон, ёр;
- душман-хасм, адӯ, ғаниб, рақиб, бадхоҳ, ҳариф, ағёр, хоин, бадбин;
- азоб-уқубат;
- ҷабр-ҷафо;
- зулм-ситам;
- ғам-андӯҳ
- Дунё-гутти, олам ,
- Зур-тавонно, қодир, пурзур, ва ғ
- Ҷасур-далер, нотарс, шуҷоъ
Ситамгар
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Луғати терминҳои забоншиносӣ.- Душанбе: Маориф,1983.-с.166
- Забони тоҷикӣ
Муродиф чист? Синоним чист?
Таблиғ барои пешрафти сомона
#Савол
Муродиф чист? Синоним бо забони точики
#Ҷавоб
Муродифҳо калимаҳои аз ҷиҳати маъно ба ҳамдигар наздик, вале аз ҷиҳати таркиби овозиашон ҳархела мебошанд.
Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)

